Тибқи иттилои рӯзномаи “Комсомолская Правда-Самара” як муҳоҷири тоҷик ба номуси духтарчаи чорсола дастдарозӣ намудааст. Ин ҳодиса дар минтақаи Красноглинский рух додааст. Тибқи иттилои мақомоти салоҳиятдори ин шаҳр зодаи 26 солаи Тоҷикистон дар хонаи истиқоматии дӯсташ будааст ва дар он ҷо ба кӯдаке таҷовуз кардааст.
Ҳамлагар аллакай боздошт ва нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.
Ҷузъиёти ин қазия норушан боқӣ мемонад.