Муқаррароти Вазорати корҳои дохилии Русия дар самти бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия нав карда шуд.
Шуруъ аз 23 феврал, ба ҳамаи шаҳрвандони хориҷие, ки ба Россия ворид мешаванд, варақаи бақайдгирии шакли нав дода мешавад. Ҳама варақаҳои бақайдгирӣ, ки шаҳрвандони хориҷӣ дар даст доранд, эътибори худро гум намекунанд. Ин тартиботи нав барои нафароне, аст, ки аз 23 феврал бори аввал аз қайд мегузаранд ва ё бақайдгирии худро тамдид менамоянд.