Хабар

Медведев тарафдори ҷалби соддаи муҳоҷирони меҳнатист

Муовини раиси Шӯрои Амнияти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ба ҷонибдории ҷорӣ намудани тартиби соддаи ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Россия садо баланд кард.

"-Бо сабаби паҳншавии коронавирус дар минтақаҳои муайяни иқтисодӣ, норасоии қувваи корӣ ба назар мерасад. Ин ба соҳаи кишоварзӣ, сохтмон, соҳаи манзил ва хизматрасониҳои  коммуналӣ дахл дорад", -гуфт Медведев рӯзи сешанбе дар як ҷаласа оид ба такмили сиёсати муҳоҷирати Федератсияи Россия.

Аз рӯи гуфтаҳои ӯ "бояд масъалаи ҷорӣ кардани расмиёти соддакардашуда таҳия карда шавад, ки тибқи он шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд ба ин соҳаҳо ба таври қонунӣ ҷалб карда шаванд."

Муовини раиси Шӯрои Амният инчунин қайд кард, ки "шаклҳои муташаккилонаи муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла дар доираи созишномаҳои мавҷуда бо шарикони хориҷӣ бояд фаъолтар инкишоф дода шаванд."

Инчунин Дмитрий Медведев дар он мӯътақид аст, ки муҳоҷирон дар Федератсияи Россия низ ба эмгузаронии COVID-19 ниёз доранд.

Қобили зикр аст, ки сарвазири собиқи Россия ба Вазорати тандурустӣ ва “Роспотребнадзор” бо чунин пешниҳод муроҷиат кардааст. Ба гуфтаи ӯ, шуъбаҳо бояд ба эмгузаронии муҳоҷирон диққати ҷиддӣ  диҳанд.

Пурсиш

Кадом кишвари қадима дар соҳили шарқии баҳри Миёназамин ҷойгир шудааст?

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

© 2019 TAJINFO. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфуз аст..Design & by Jamoliddin Jum^a

Ҷустуҷӯ