Роҳбари ҷамъияти тоҷикони Красноярск “Ватан” Азимҷон Саидамиров, дар суҳбат бо “Радиои Муҳоҷир” ҷанҷоли байни озариҳову тоҷиконро дар бозори ин шаҳр тасдиқ накард:
«Дар ҳақиқат, дар бозори “Луч”, ду руз пеш, байни гуруҳҳо ҷанҷоле сар зад, ки то ба тирпаронӣ расид. Аммо ин хархаша ба тоҷикон алоқамандие надорад. Сохторҳои қудратӣ ба бозор омада дастбакорони ин қазияро боздошт намуда ҳуҷҷатҳои кормандони ин бозорро тафтиш намуданд. Баъди ин амал ягон нафар аз тоҷикон ва ё шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт нашуданд”.
Ёдовар мешавем, ки дар Интернет ин ҷанҷол ҳамчун байни тоҷикону озариҳо паҳн шуда буд. Аз руи ин фарзияи паҳн шуда, роҳбари бозори “Луч” Акиф Шихалиев, норозогии худро аз бозори “Южная”, кӣ гуё ба тоҷикон таалуқ доштааст, бо силоҳу тирпаронӣ изҳор намудааст.
Аз рӯи гуфтаҳои Азимҷон Саидамиров тоҷикони ин шаҳр ба роҳбарияти ин бозорҳо умуман рабте надоштаанд.
Сухангуи пулиси Красноярск Екатерина Роситская ин ҳодисаро тасдиқ намуд, вале сабаҳои сар задани ин ҷанҷолро шарҳ надодааст.