27 январи соли 2021 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Екатеринбург Зафар Сайидзода бо Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловск Василий Козлов мулоқот кард. Мулоқот, ки хусусияти муколамаи дӯстона ва созандаро дошт, дар бинои Ҳукумати вилояти Свердловск баргузор гардид.
Василий Козлов ва Зафар Сайидзода самтҳо ва шаклҳои асосии кори муштаракро барои соли 2021 баррасӣ карданд. Мавзӯъҳои мулоқот иштироки намояндагони Тоҷикистон дар кори намоишгоҳи INNOPROM, ташкили сафари ҳайати расмии вилояти Свердловск ба Душанбе дар фасли тирамоҳ, таъмини ҷараёни бозгашти муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба минтақаи Урал ва азсаргирии таҳсили рӯзонаи донишҷӯён - шаҳрвандони Тоҷикистон дар мактабҳои олии вилояти Свердловск буданд.
Дар давоми солҳои охир бори аввал муколама байни вилояти Свердловски Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин хусусияти амалӣ пайдо кард ва дурнамои ҳамкориҳоро возеҳ намуд.