Дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба таҳрири нави Қонун “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” пардохтанд. Таҳрири нави ин қонун хидмати пулакиро низ пешбинӣ кардааст.
Аз рӯи гуфтаҳои Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо баъди қабули таҳрирҳои нави ин қонун “намуди нави хизмат ташкил мешавад: дар муддати як моҳ бо пардохти маблағи муайян онҳо маҳорати гузаштан аз хизмати ҳарбиро меомӯзанд».
Баъди анҷоми ин курсҳои кӯтоҳмуддату пардохти маблағ шаҳодатномаи ҳарбӣ низ дода мешавад.
Аммо вазир қайд намудааст, ки маблағи пардохту тартиби «хидмати якмоҳа» ҳоло муайян нашудаанду ин дар салоҳияти Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.
Инчунин тағйирот дар ин қонун даъвати хатмкунандагони мактабҳои олиро, ки синнашон ба 27-солагӣ нарасидааст, пешбинӣ намудааст.
Хатмкунандагони кафедраҳои ҳарбиро низ навоварӣ интизор аст. Минбаъд ба онҳо танҳо баъди хидмати 1 сола дар сафи артиш унвони афсари захиравӣ дода мешавад.