Манбаи расонаи "Азия-плюс", ки наздик ба Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон» будааст, аз кушодашавии масҷидҳо дар Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Дар ҷаласаи имрӯзаи «Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон» тасмим гирифтаанд, ки дарҳои масҷидҳоро 1 феврал барои намозгузорон боз кунанд .
Аммо, аз рӯи гуфтаҳои ин расона интизор меравад, ки шартҳои намозгузорӣ бозбинӣ хоҳанд шуд.
Вазорати тандурустӣ ва Кумитаи дин вазифадор шудаанд, хатарҳои Короновирусро муайяну ба назар гирифта, ин шартҳоро муқаррар намоянд.
Дар сурати тағйир ёфтани вазъи паҳншавии ин вируси нав эҳтимолияти бекор намудани иқдом низ ҷой дорад.
Ёдовар мешавем, ки масҷидҳои Тоҷикистон ҳанӯз 3-юми марти соли гузашта баста шуда буданду охири ин моҳ иҷозати намозгузорӣ дода шуда буд. Вале, пас аз авҷ гирифтани хурӯҷи Коронавирус 18-уми апрел дубора баста шуданд.