Дар Кумитаи нақлиёт ва сохтумони Думаи давлатии Россия ба пешниҳоди манъи фаъолияти муҳоҷирон дар таксӣ зид баромаданд.
Ҷонишини раиси ин Кумита Александр Старовойтов мегӯяд, “Қабули чунин қарор мақсаднок нест. Пеш аз ҳама бояд муайян намуд, ки дар ин соҳа дар кадом минтақа чанд нафар муҳоҷир кор мекунад. Дар акси ҳол, эҳтимолияти фалаҷ шудани ин соҳа вуҷуд дорад.”
Айни ҳол Думаи давлатӣ ду роҳи ҳалли ин мушкилотро баррасӣ доранд: Якум танҳо ба шаҳрвандони Русия иҷозати фаъолият дар ин соҳа дода шавад ва дуюм муҳоҷирони таксирон ҳатман шаҳодатномаи ронандагии Россияро гиранд.