Додгоҳи ноҳияи Ленини Оренбург қазияи вайрон намудани талаботи санитариро баррасӣ намуд. Як мард, ки аз Тоҷикистон омада буд, дар муҳлати серӯзаи муқарраршуда озмоиши тиббии COVID-19-ро нагузашт.
Чуноне, ки додгоҳ муайян кард, ин нафар бо хатсайри Хуҷанд – Москва ба Россия омада, сари вақт аз санҷиш нагузаштааст. Ӯ мебоист аз чунин санҷиш гузашта, натиҷаи онро дар саҳифаи шахсии «Госуслуги» мегузошт. Додгоҳ дар чаҳорчӯбаи ин парвандаи маъмурӣ мавсуфро 7500 рубл ҷарима баст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар рафти баррасии парванда гунаҳгор аз чунин озмоиш гузашта буд, аммо онро додгоҳ ба инобат гирифт .