Барои ба қайд гузоштани тоҷикистониҳо ба сокини 41 солаи Мордовия се сол маҳбас таҳдид мекунад.
Мақомоти политсияи шаҳраки Ялгаи Мордовия нисбати як зани 41 солаи ин минтақа тафтишот оғоз намуданд. Ин нафарро барои бақайдгузории ду шаҳрванди Тоҷикистон муттаҳам мекунанд. Тоҷикистониёни 19 ва 36 сола, ҳарчанд дар қайди расмии ин манзили истиқоматӣ бошанд ҳам, воқеъан дар он ҷой зиндагӣ намекардаанд.
Чуноне, ки сомонаи расмии политсияи Мордовия хабар медиҳад, мумкин аст, нисбати ин зан парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шавад. Аз рӯйи ин парванда ба ӯ 3 сол маҳбас таҳдид менамояд.
Инчунин политсияи ин минтақа ҷустуҷӯи ин 2 тоҷикистониро оғоз намудааст.