Қарори ихроҷи роҳбари ҷамъияти тоҷикони Самара Саидасрор Мирзоев қонунӣ шуд.
Ёдовар мешавем, ки додгоҳи ноҳияи Совети Самара ҳануз 23-уми декабр Мирзоевро ба 2000 рубл ҷарима ва ба маҷбуран ихроҷ намудан қарор карда буд.
Ҳимоятгарони номбурда аз болои ин қарор ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят бурданд, вале ин қарор бетағйир монд. Аз рӯйи гуфтаҳои ҳимоятчии Мирзоев -Александр Паулов ӯро кормандони политсияи Самара лату кӯб намуда, маҷбур намудаанд, ки бар зидди худ шаҳодат диҳад.
Аз рӯйи ин ҳалнома ҳимоятчӣ боз шикоят хоҳад кард, аммо мақомоти Самара ибтидо аз имрӯз метавонанд Саидасрор Мирзоевро ба Тоҷикистон ихроҷ намоянд.