Тафсилоти боздошти Лутфиддин Рузиматов дар Сочи, ки дар қазияи полковники Хадамоти амнияти Самара ҳамчун шоҳид иштирок дорад, оммавӣ шуд.
Рӯзиматовро, ки ҳамчун Лёня Таджик маъруф аст, тирамоҳи гузашта политсияи Сочи боздошт намуда буд. Аз манзили ӯ дар ноҳияи Хостинскии Сочи, 8 баста дарёфт шуд, ки дар умум 9,5 килограмм героин доштанд.
Боздошти Александр Кирилин дар Сочи бо 14 грамм героин боиси тафтишу боздошти Рӯзиматов гашт. Мақомоти тафтишотӣ дар он ақидаанд, ки изи ин қазия ба Самара мебарад, ки номбурда дар он ҷой иқомат дошт.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзиматов баъди шартан аз озодӣ маҳрум шуданаш дар Самара ба Сочи кӯч карда буд.