Дар Русия аз 10-уми январ назорат аз болои гардиши пули нақд пурзӯр мешавад.
Аз рӯйи тағйиротҳои ба қонун даровардашуда ҳамаи маълумотҳо оиди гардиши маблағи аз 600 ҳазор зиёд ба Росфинмониторинг ирсол мешавад.
Бар замми ин ирсоли аз 100 ҳазор рубл бо почта низ пурзӯр мешавад. Минбаъд пур намудани ҳисоби телефонҳои мобилӣ низ бо ин маблағ ғайриимкон мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар Русия, аз суратҳисоби рақами мобилӣ имконияти гирифтани пули нақд мавҷуд асту онро ҳамчун ирсоли маблағ метавон истифода бурд.