Хабар

Нӯшокиҳои алкоголӣ нӯшиду муттаҳам шуд

Политсияи Оренбург муҳоҷири тоҷик боздошт намуда, нисбаташ парвандаи маъмури оғоз намуд. Ин нафар ба ҷурми “истеъмоли нӯшокиҳои алкоголӣ дар ҷамъият” муттаҳам мешавад.
Нашрияи “Комсомолская Правда” исми ин нафарро наовардааст, аммо мегӯяд, ки аз болои ӯ ҳамзистонаш рӯзи 7-уми январ ба политсия шикоят бурдаанд. Онҳо ин нафарро ба зӯроварӣ нисбати ду ҷавони ҳамватанаш айбдор мекунанд. Аммо маълум нест, ки кор танҳо ба зӯроварӣ анҷомидааст, ё аломатҳои дастдарозӣ низ ҷой дошт.
Политсия ин қазияро таҳқиқ мекунад, вале қарори оғози парвандаи ҷиноятиро ҳоло раво надидааст.