Аз 1-уми январ то 10-уми январ масъулони фурудгоҳи «Куромоч»-и Самара 126 бағочи мусофиронро тафтиш намуда, чизҳои мамнуъро мусодира намуданд.
Телевизиони “Россия” дар намоише қайд намуд, ки аз 55 мусофири аз Тоҷикистон омада, 145 килограмм маҳсулоти мамнуъ гирифта сӯзонида шуданд. Аммо номгӯйи маҳсулоти нобуд кардашуда норӯшан боқӣ мемонад.
Қазияи соли гузашта дар фурудгоҳи Уфаи Бошқирдистон, ки аз мусофири тоҷик 6,6 килограмм асалро мусодира намуда буданд, метавонад далели он гардад, ки аз Тоҷикистон ба Росссия асосан маводи хӯрока меоранду на ҳамаи мусофирон маҳсулоти худро дуруст ҳуҷҷатгузорӣ мекунанд.