Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар 3 набарди касбӣ иштирок намуда, дар ҳар се ғолиб баромад.
Дар набарди аввал, ки охири моҳи декабр дар Москва баргузор шуда буд, Баҳодур Усмонов ба муштзани рус Вилдан Минасов, баъдан дар шаҳри Сочи ба Амир Басиров пирӯз шуд.
Дар муҳорибаи охирон, ки он ҳам дар Сочи баргузор шуд, муштзани тоҷик Ҳусейн Магомедовро аз Россия маглуб намуд.
Баҳодур Усмонов дар вазни 64 килограмм муштзанӣ мекунаду ба ҳайати дастаи Мурат Гасиев шомил мебошад. Ҷоизи зикр аст, ки дастаи ин муштзани маъруф аз Осетияи Шимолӣ ғолиби муҳорибаҳои Ҷоми «Матч! Боец» шуд, ки 10 миллион рубл мукофотпулӣ низ дорад.