Хабар

Аввалин гирифторшавӣ бо коронавируси тамғаи нав дар Россия

Аввалин нафаре, ки ба намуди нави Коронавирус олуда шудааст, дар Россия ба кайд гирифта шуд.
Аз рӯйи гуфтаҳои Анна Попова-раҳбари Роспотребнадзор ин намудро дар яке аз мусофирони аз Британияи Кабир омада дарёфт намудаанд.
Аҷоиботаш дар он аст, ки дар ин нафар ягон аломатҳои бемори мушоҳида нашудаву худро хеле бардам ҳис мекунад. Танҳо озмоиш муайян намудааст, ки намуди нави COVID-19 дар бадани ӯ будааст. Аз рӯи гуфтаҳои Попова ин намуди COVID-19 ҳолати беморро нисбатан вазнин намекунад, аммо 70% зиёдтар сироятшаванда аст.
Ёдовар мешавем, ки охири соли гузашта ин навъи коронавирус дар Британияи Кабир ба қайд гирифта шуда буду ба чанд давлати дигар гузашт.
Ҳоло ин намуди коронавирусро ҳамчун «штампи бритониёӣ» мешиносанд.