Дар Сахалин як тоҷикистонӣ бо ҷурми додани ришва ба корманди мақомот муттаҳам карда шуд.
Як шаҳрванди Тоҷикистон барои озод намудани наздикаш аз Маркази муваққатии боздошти шаҳрвандони хориҷӣ (спецприемник) ба роҳбари ин идора 80 ҳазор рубл додааст. Аз рӯи гуфтаҳои мавсуф ӯ мехост наздикашро муваққатан берун бароварда, баъзе масъалаҳои шахсияшонро ҳал намоянд. Кумитаи тафтишотии ин минтақа ин қазияро таҳлил намуда, ба додгоҳ ирсол намудааст.
Ба ин шаҳрванди Тоҷикистон аз рӯи моддаи 211 Кодекси ҷинояти Федератсияи Россия парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Ба ӯ аз 3 то 7 сол маҳбас ва ҷарима ба андозаи 30 карата аз маблағи пора таҳдид менамояд.