Хабар

Шаурмафурӯшӣ як нафарро ба ҳалокат расонд

Дар Ростови лаби Дон дар натиҷаи таркиши газ сӯхтор ба амал омад, ки дар он як тоҷикистонӣ ҷонӣ худро аз даст дод.

Ин ҳодиса рӯзи 7-уми январ дар яке аз дуконҳои шаурмафурӯшӣ воқеъ дар кӯчаи Жданов 14 рух дода буд.
Расонаҳо аз баҳалокат расидани Шуҳрат С. ном мебаранду ӯро 21-сола гуфтаанд. Дар сӯхтор 100 фоизи баданаш сӯхтаанду дар беморхона ҷон додааст. Рафиқи ӯ ҳоло дар беморхона дар ҳолати вазнин қарор дорад. Сӯхторро 38 нафар давоми чанд соат хомӯш карданд. Эҳтимол меравад, ки нисбати соҳиби ин дукон парвандаи ҷиноӣ боз карда шавад.