Ҳодисаи рабудашудани зодаи Тоҷикистон дар Самара аз моҳи августи соли 2019 сарчашма мегирад.
Тибқи иттилои имрӯзаи “CO-online”, ки хабаргузории “TLTgorod”- и Толятӣ бо истинод ба он менависад, зодаи Тоҷикистон Маҳкамов, ки шаҳрвандии Русияро дорад, ба воситаи нақлити тамғаи “Hyundai Tucson”-и худ дар кӯчаи Промишленност ҳаракат мекард. Дар ин вақт, ногаҳон воситаи нақлиёти “Kia Optima” монеъаи ҳаркати ӯ мегардад.
Маҳкамовро аз нақлиёт берун бароварда, аввал ба деҳаи Запанская, сипас ба қабристони Лесное дар ноҳияи Красноглинский мебаранд, менависад хабаргузор. Ин шахсони ҷиноятпеша, бо даъвои ҳамзистӣ намудани номбурда бо ҳамсари яке аз даъвогарон - Раҳимов, аз ӯ ҳамчун ҷуброни зарари маънавӣ 235 ҳазор рубл талаб кардаанд.
Моҳи декабри соли 2020 Кумитаи тафтишот бо дархости Маҳкамов, аз рӯи моддаи "Рабудани шахс бо таҳдиди зӯроварӣ" парвандаи ҷиноӣ боз кард. Дар сурати пайдо шудани Холматов ва Раҳимов (айни ҳол бедараканд), ба онҳо, то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.