Барои пешгирии паҳншавии коронавирус Ҳукумати Ӯзбекистон маҷмӯи тадбирҳоро роҳандозӣ кардааст.
Ин ҳам бошад, аз 16 марти соли 2020 дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ таътили маҷбурӣ ҷорӣ карда шуда, он се ҳафта давом мекунад. Ба хотири аз таҳсил дур намондан шабакаи телевизионии марказии ин кишвар ӯҳдадор шудааст, дарсҳои видеоиро омода ва мутобиқ ба нақшаи таълимӣ дастрас намояд.
Дар баробари манъи таҷлили Наврӯз ҳамагуна ҷамъомадҳо ва маҷлисҳо манъ карда шуда, онҳое ки берун аз Ӯзбекистон ҳастанд, ҳангоми бозгашт муҳлати 14 рӯзаи карантиниро мегузаранд.
Дар баробари ин ҳар 4 соат нақлиёти ҷамъиятӣ аз дезинфексияи ҳатмӣ гузаронида мешавад истеҳсоли даҳонбандҳои тиббӣ 10 маротиба зиёд карда мешавад ва содироташ манъ гардидааст.
ВАО, журналистон, блогерҳое, ки иттилои бардурӯғро паҳн мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.
Оид ба риояи тартиботи муқарраргардида Прокуратураи ин кишвар назорат хоҳад бурд.