Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилояти Суғду Хатлон, шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияҳои Шаҳринав, Рӯдакӣ, Варзоб, Ваҳдат ва Файзобод телефонӣ шунид.
Дар ҷараёни суҳбати телефонӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои номбаршударо оид ба рафти тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ, кишту кори баҳорӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гӯш кард.
Эмомалӣ Раҳмон ба раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилояти Суғду Хатлон, шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияҳои Шаҳринав, Рӯдакӣ, Варзоб, Ваҳдат ва Файзобод барои иҷрои босифати саривақтии нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати мамлакат, нақшаву барномаҳои давлатӣ дар самти тақвияти тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ва кабудизоргардонӣ, киштукори баҳорӣ, бахусус кишти пахтаю сабзавот ва мусоидат ба ҳали ҳар як мушкилоти мардум, таъмини фаровонии бозори истеъмолии аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ, боз ҳам беҳтар гардондани кори муассисаҳои соҳаи маориф, фарҳанг ва тандурустӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки ба муроҷиатҳои шаҳрвандон эътибори аввалиндараҷа дода, бартарафсозии мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаро саривақт таъмин намоянд ва тадбирҳои ободонию бунёдкориро дар қаламрави вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият бахшанд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин барои тозаю озода ва беҳдошти муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, кӯчаву хиёбон ва марказҳои фарҳангию фароғатӣ ҷиҳати таҷлили бошукуҳи ҷашни байналмилилалии Наврӯз дастурҳои қатъӣ дод.