Оҷонсии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 2 сол захираи махсулоти хӯрокаро барои аҳолӣ дорад ва мардум набояд ба ҳаргуна овозаҳои беасос дода шаванд.
Дар ин бора Шодихон Ҷамшед муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-уми март дар нишаст бо хабарнигорон.
Мақомот дарҳоле аз захираи кофӣ будани маҳсулоти хӯрока ва ниёзи аввалия садо баланд мекунанд, ки рӯзи 4-уми март дар шабакаҳои иҷтимои наворе паҳн шуд. Дар ин навор дида мешавад, мардум барои хариди орд, ки яке аз маҳсулоти серистеъмол ба ҳисоб меравад, дар навбат истода чун пештара на як ва ё ду халта орд балки аз он ҳам зиёдтар харидорӣ карда истодаанд.
Дар паи ин масъулони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 март хабар доданд, ки дар назди ин сохтор гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки танзими нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, пешгирии болоравии сунъии он, нархи воридотии маҳсулоти хӯрока ва корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар байни фурӯшандагонро ба роҳ мемонад. Гурӯҳи кории Хадмоти зиддиинҳисорӣ бо намояндагони додситонии кулли Тоҷикистон субҳи имрӯз назоратро дар бозорҳои мамлакат шурӯъ карда, сабабу омилҳои беасоси болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия ва ҳангомасозии онро дар байни аҳолӣ меомӯзанд.
Ҳамин тавр вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баробари дигар ниҳоду сохторҳои дахлдор бо нашри баёнияе 5-уми март гуфтааст, ки овозаҳо дар баробари кам шудани маҳсулоти хӯроки ниёзи аввалия дар Тоҷикистон асоси вокеъи надорад ва аз сокинони кишвар даъват ба амал овардааст, ки ба “овозаҳои беасос ва ҳангомаҳои баъзе тоҷирони манфиатдор” бовар накунанд ва аз харидории беэҳтиёҷ ва барзиёди маҳсулоти ниёзи аввалия худдорӣ кунанд.