Кормандони радиои «Муҳоҷир» дар якҷоягӣ бо дастаи ҳуқуқшиноси маъруф Валентина Чупик аз боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ – “Сахарово” дидан карданд.
Бино ба гуфти роҳбари медиахолдинги “Таджинфо” Ғуфрон Ваҳобов ҳадаф аз боздиди мазкур аз наздик шудан бо ҳолу аҳволи боздоштшудагон ба онҳо расонидани кумаки аввал мебошад. Дар рафти боздид аз номи шунавандагони радиои “Муҳоҷир” ба шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон, Гурҷистону Украина ва ҳатто Мозамбик маводҳои хӯрока, мевагиҳо ва либосҳои ниёзи аввали гигиенӣ супорида шуд.
Дар боздоштгоҳи “Сахарово” бо муҳоҷирон наздик 2 соат суҳбат доир гардид. Зимни суҳбат маълум гашт, ки муҳоҷирон аз тӯл кашидани ихроҷашон ба Ватан норозӣ буда, мушкилоти асосии онҳо ин надоштани маблағ барои пардохти ҷаримаҳо ва харидории чиптаҳо ба Ватан мебошад.
- Аз ин иқдоми шунавандагони Радиои “Муҳоҷир”, яъне кумак ба боздоштшудагони боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ хурсанд шудем, - иброз дошт Валентина Чупик. – Зеро зиёда аз 1 тонна маводи хӯрока овардем, ки қисми зиёди онро маҳз шунавандагони Радои “Муҳоҷир” харидорӣ намудаанд. Умедворем, ки ин иқдом дар оянда низ дастгирӣ меёбад.
Дар ҳошияи суханони ҳуқуқшинос Валентина Чупик роҳбари “Таджинфо” Ғуфрон Ваҳобов қайд кард, ки “Ба ҳамаи онҳое, ки дар ин иқдоми нек дасти мадад дароз карданду кумак намуданд, изҳори ташаккур мекунам ва умедворам, ки дигар шаҳрвандони мо низ дар шаҳрҳои дигар ин кори хайрро ҷонибдорӣ мекунанду аз ҳолу аҳволи боздоштшудагони боздоштгоҳҳои муваққатӣ хабар мегиранд.”
Ёдовар мешавем, ки меъёри як шабонарӯзаи хӯрокаи муҳоҷирон дар ин боздоштгоҳ 105 рубли русӣ мебошад.