Эдвард Сноуден, собиқ корманди Оҷонсии миллии амнияти Амрико гуфт, ки замони ахир танқид дар нисбаташ дар ИМА коҳиш ёфтааст ва эҳтимолан ба ватан баргашта, дар мурофиаҳои додгоҳӣ ширкат кунад.
Эдвард Сноуден соли 2013 пас аз он шинохта шуд, ки иттилои махфиеро ба ихтиёри матбуот супорид. Дар ҳуҷҷатҳо шеваи назорати Хадамоти махсуси Амрико тариқи технологияи навин аз болои шаҳрвандон дарҷ шуда буд. Ин иттилоъ сару садои зиёдеро ба бор овард. Дар Амрико нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз карданд, ки то 30 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Эдуард Сноуден ҳоло дар Русия паноҳанда аст.
Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои миллии ҷамъиятии Амрико гуфтааст, ки ӯ гирифтани маблағ ва ҳамкорӣ бо ҳукумат ё Хадамоти махсуси Русияро рад кард.
Ба қавли Сноуден, ӯ ҳоло аз роҳи маъруза хондан ба донишҷӯён ва фаъолони ҷомеа маблағ ба даст меорад.
Русияро ӯ “яке аз кишварҳои зеботарини ҷаҳон” ва меҳмоннавоз тавсиф кардааст.
Сноуден гуфтааст, ки воқеан ду сол пеш бо як духтари амрикоӣ дар Русия издивоҷ кардааст.