Консули генералии Тоҷикистон дар Уфа хостгори тафтиши мунсифонаи қазияи духтари таҷовузгардидаи тоҷик шуд.
Аз рӯйи маълумоти ба «Радиои Муҳоҷир» расида, ҳанӯз 7 сентябр Консули Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Эмом Саид Давлат дар рафти сафари расмии худ ба вилояти Саратов бо модари духтари ноболиғи таҷовузшудаи тоҷик вохӯрда, аризаи ӯро қабул намудааст.
Чуноне, ки аз Консулгарии Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа ба «Радиои Муҳоҷир» хабар доданд: «Дар рафти суҳбат маълум карда шуд, ки айни ҳол ҷабрдида дар
беморхонаи касалиҳои руҳии шаҳри Саратов бистарӣ мебошад. Консули генералӣ аз роҳбарон ва фаъолони диаспораҳои тоҷик дар шаҳри Саратов хоҳиш намуд, ки мунтазам аз аҳвол ва вазъи саломатии чабрдида бохабар шуда, консулгарии генералиро дар ҷараён гузоранд.
Дар навбати худ аз ҷониби Консулгарии гененралӣ дар асоси аризаи модари ҷабрдида мактуб ба Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар вилояти Саратов оид ба дақиқ ва мунфисона тафтиш намудани масъалаи мазкур ва тибқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткор ирсол карда шуд».
Инчунин, огаҳони ин суҳбат ба мо хабар доданд, ки Консули генералии Тоҷикистон Эмом Саид Давлат аз раиси ҷамъияти тоҷикони Саратов «Дӯстӣ» Истадхон Саломова нисбати дар ҷараён нагузоштани консулгарӣ аз ин қазия изҳори нигаронӣ намудааст.
Ёдовар мешавем, ки охирҳои моҳи гузашта духтари ноболиғи тоҷик ду маротиба таҷовуз шуда буд ва дар ин кор корманди пешинаи политсия, шаҳрванди озаритабори Россия гумонбар аст. Аммо то кунун парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба ин қазия кушода нашудаасту муттаҳами ин кор дар озодист.