Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия Эмом Саид Давлат аз Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Саратов дидан намуд.
Дар ин бора дар саҳифаи худ дар Твиттер муфтии вилояти Саратов Муқаддас Бибарсов навиштааст.
Бино ба навиштаҳои номбурда Консули генералӣ бо роҳбаладии вазир оид ба сиёсати дохилӣ ва муносибатҳои ҷамъиятии вилояти Саратов Наталя Трошина бо фаъолияти масҷиди ҷомеъ ва муфтиёти минтақа аз наздик шинос шуд.