13 нафар маҳбусон ҳангоми интиқол аз шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан ба Душанбеву Норак ва Ёвон дар роҳ дар мавзеи Майхураи Варзоб аз заҳролудшавӣ ба ҳалокат расидаанд.
Дар ин бораи сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дода менависад, ки санаи 7-уми июли соли 2019, дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи роҳбарияти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 128 нафар маҳкумшуда (120 нафар мард ва 8 нафар зан) аз МИ 3/3, 3/5 ва МТ 9/2-и шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшани вилояти Суғд барои идомаи ҷазои ҷиноятӣ ба шаҳрҳои Душанбе, Норак ва Ёвон дар 3 автомашинаи махсусгардонидашуда бояд интиқол дода мешуданд.
Қатораи автомашинаҳои мазкур бо роҳбаладии дастаи посбонон соати 12:45-дақиқа аз шаҳри Хуҷанд ҳаракат карда, соати 18:20 - дақиқа ба шаҳри Душанбе расиданд.
Тибқи меъёрҳои муқарраргардида, дар роҳ 6 маротиба барои ҳоҷат таваққуф карданд.
Дар қисмати дуюми роҳ дар мавзеи Майхураи ноҳияи Варзоб яке аз маҳбусон 3 адад ноне (хлеб), ки бо худ ҳамчун дастовези муқаррарӣ доштааст, тибқи маъмул ба 16 нафар маҳбус тақсим кардааст. Баъди истифодаи он тақрибан бо гузашти ним соат аз 16 маҳбусе, ки дар бордони қисмати 2-юми автомашинаи таҳти рақами 024 ВА 01 буданд, ҳолати дилбеҳузӯрӣ, сарчархзанӣ, қайкунӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Дар соати 18:20-дақиқа вақте, ки вориди муассисаи тафтишотии СРИҶҶ Вазорати адлия гардиданд, ҳолати истеъмолкардагони нони маҳбус бад шуданд. Дар 16 нафари онҳо ҳолати аз ҳушравӣ мушоҳида гардид. Соати 18:25-дақиқа бригадаҳои махсуси ёрии таъҷилӣ бо ҷалби мутахассисони соҳаи тиб барои кумаки аввалия вориди МТМН СРИҶҶ ВА ҶТ гардиданд.
Дар натиҷаи дидани чораҳои таъҷилӣ бо истифодаи кулли имконот, ба табибон муяссар гардид, ки танҳо ҳаёти 3 нафар маҳбусон наҷот дода шавад. Мутаассифона, новобаста аз дидани чораҳои таъхирнопазири тиббӣ имкони наҷоти 13 нафар аз маҳбусон муяссар нагардид. Боқимонда 115 нафар маҳбус бе нишонаи осеби ҳолати ҷисмонӣ, тибқи таъинот дар муассисаҳои ислоҳии марбут ҷобаҷо шуданд.
Оиди ҳодисаи заҳролудшавӣ, ки ба талаф ёфтани 13 нафар маҳбус оварда расонид, аз ҷониби Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, вобаста ба он гурӯҳи махсуси тафтишотӣ таъсис дода шуд.
Экспертизаи тиббӣ-судӣ таъйин гардида, тафтишот оиди парвандаи мазкур таҳти назорати қатъии Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор дода шудааст.
1. Турдиев Ёқуб Сафармаҳмадович, с.т. 28.01.1991, сокини ноҳияи Хуросон, ҷ/д Қизил-қалъа, деҳаи Сарбанд.
2. Одинаев Валиҷон Дарвешович, с.т. 13.12.1976, сокини шаҳри Ҳисор, ҷ/д Деҳқонобод, деҳаи Бағалак.
3. Солиҳов Некқадам Гулмуродович, с.т. 23.07.1985, зодаи ноҳияи Варзоб.
4. Назруллоев Усмоналӣ Бурихонович, с.т. 21.03.1979, зодаи ноҳияи Ёвон.
5. Буриев Далерҷон Бозорович, с.т. 16.09.1998, зодаи шаҳри Истаравшан.
6. Убайдов Афзалшо Ҳабибович, с.т. 23.02.1995, зодаи шаҳри Ваҳдат.
7. Сунатуллои Имомалӣ, с.т. 05.06.1989, зодаи шаҳри Душанбе.
8. Юсупов Меҳроб Акбаралиевич, с.т. 07.07.1992, зодаи ноҳияи Варзоб.
9. Ватаниев Маҳмасаид Восеиевич, с.т. 20.04.1977, зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, деҳаи Ҳилолӣ.
10. Манонов Раҷабмурод Алимардонович, с.т. 26.05.1979, зодаи ноҳияи Файзобод, ҷ/д Чашмасор, деҳаи Бунгакиён.
11. Ҳакимов Ҳасан Нуралиевич, с.т. 17.01.1987, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳраки Сомониён.
12. Абдураҳмонов Абдураҳмон Ҳасанович, с.т. 10.02.1997, зодаи ноҳияи Рудакӣ, ҷ/д Чимтеппа, деҳаи Гулбутта.
13.Ҳайдаров Некрӯз Мирзоалиевич, с.т. 21.08.1999, зодаи ноҳияи Данғара, деҳаи Корез.