Абророва Сабрина шоҳмотбози ҷавони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ мақоми аввалро касб намудааст.
Дар ин бораи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар дода, иттилоъ медиҳад, ки ин мусобиқаи байналмилалӣ бо иштироки беҳтарин шоҳмотбозони ҷаҳон аз 1 то 5 июн дар шаҳри Ханти-Мансийски Федератсияи Россия баргузор шудааст. Сабрина Абророва миёни 31 бозингар рақобат намуда, бо гирифтани медали тиллои мусобиқаи ҷаҳонӣ шарафёб шудааст. Дар умуман дар ин сабқат варзишгарон аз 57 кишвар қувваозмоӣ намудаанд.