Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлони Тоҷикистон 15-17 июни соли 2019 Фестивал - намоиши ҷумҳуриявии "Зиннату ҳусни ҷавонист- Чакан" баргузор мешавад.
Чорабинии мазкур дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” 2019- 2021 ташкил мешавад, ки онро охири соли 2018 Президенти ин кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмаш да Маҷлиси Олии Тоҷикистон эълон карда буд..
Дар доираи фестивал баргузории силсилачорабиниҳо, озмунҳо ва чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ ва роҳпаймоии васеи чаканпӯшон доир мегардад.
Ёдовар бояд шуд, ки Чакан ба мероси фарҳангии миллати тоҷик аз ҷониби созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО пазируфта шудааст.