Дар шаҳри Ноидаи Ҳиндустон олимпиадаи байналхалқии мактабиён оид ба фанҳои математика, физика, химия ва биология баргузор гардид, ки дар он Шокирҷон Шокиров аз Тоҷикистон ба ишғоли ҷойи якум ва гирифтани медали тилло мушарраф шуд.
Олимпиадаи мазкур бо ширкати 460 нафар хонандагон аз 16 мамолики дунё баргузор шуда, дар он хонандаи тоҷикистонӣ тарбиятгирандаи синфи 8-уми литсейи №1-и шаҳри Исфара Шокирҷон Шокиров дар бахши озмуни комплексӣ (яъне пешниҳоди ҷавоб ба саволҳо аз ҳамаи фанҳои дақиқ) ширкат варзида, бо гирифтани холи аз ҳама баланд мақоми аввалро касб кардааст.
Бино ба гуфти мутахассиси Раёсати маорифи вилояти Суғд Абдусабури Абдуваҳҳоб хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Суғд аз олимпиадаи байналхалқӣ дар Ҳиндустон бо 4 медали тилло, 6 нуқра ва 5 биринҷӣ баргаштаанд.