Дар табрикоти худ Эмомалӣ Раҳмон ба фазилатҳои Рамазон дахл карда гуфтааст, ки ҳикматҳои аслии моҳи шарифи Рамазон дар он ифода меёбад, ки инсон бо эҳсоси гуруснагиву ташнагӣ аз ҳолати ятимону маъюбон, беморону эҳтиёҷмандон ва шахсони камбизоат бештар огоҳ мегардад ва барои осон намудани мушкилоти онҳо мувофиқи имконияту тавони худ дасти кумак дароз мекунад.
Дар баробари имсол низ Президенти Тоҷикистон оид ба деҳқонону онҳое, ки ба корҳои вазнин машғул шудаанд, дахл карда зарурати рӯзадории ононро қайд намудааст ва гуфтааст, ки шахсоне, ки бо корҳои саҳроӣ ва дигар навъҳои меҳнати вазнин машғуланд, дар сурати доштани рӯза ба машаққати сахт гирифтор мешаванд ё ҳатто саломатии онҳо зарар мебинад.
Агар ризқу рӯзии бо заҳмат парваришкардаи марди деҳқон дар вақташ ҷамъоварӣ нашавад, чунин амал боиси ба мушкилоту сахтӣ рӯ ба рӯ шудани рӯзгори мардум, яъне қимат шудани маҳсулот ва ҳатто гуруснагӣ мегардад. Чунонки дар осори донишмандони фиқҳи ҳанафӣ зикр шудааст, шахсоне, ки ба корҳои вазнин машғуланд, аз ҷумла кишоварзон ва коргарони коргоҳу корхонаҳо рӯза нагирифтанашон мумкин аст.
Гурӯҳҳои зикршудаи мусулмонон метавонанд дар дигар вақти барояшон мусоид рӯза гиранд.
Дар сураи «Нисо»-и Қуръони маҷид ба ин маънӣ таъкид шудааст: -«Ва хештанро макушед. Ба дурустӣ, ки Худо ба шумо меҳрубон аст».
Имсол дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон 6 май оғоз шуда, тибқи фатвои Шӯрои уламои ин кишвар ҳаққи ақали садақаи фитр 5 сомонӣ муқаррар карда шудааст.