Дар Душанбе пойтахти Тоҷикистон Рӯзи пойтахт таҷлил карда мешавад.
Ба ин муносибат қарори марбутаи шаҳрдор Рустами Эмомалӣ таҳти № 177 аз 1 апрели соли 2019 ба имзо расидааст. Мутобиқ ба он таҳияи нақшаи баргузории чорабиниҳо ба назар гирифта шудаасту озмуну мусобиқа ва нишастҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд.Бояд гуфт, ки Рӯзи пойтахт ҳамасола дар Тоҷикистон шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мешавад ва имсол он ба 20 апрел рост меояд.