Вакили Жогор Кенеши Қирғизистон: Нафарони дар муноқишаҳои сарҳадӣ осебдида бо медали “Данк” ("Шараф") қадршиносӣ карда шаванд
Вакили Жогор Кенеши Қирғизистон Каромат Орозова дархост намудааст, то бо медали “Данк” (Шараф) Мирбек Жураев, Улугбек Жаникулов ва Акилбек Тойчиев, ки дар бархӯрдҳои сарҳадӣ зарар дидаанд, қадршиносӣ карда шавад.
-Аз ҳама аламовараш он аст, ки, - гуфтааст Каромат Озорова, - дар бархӯрди шуда гузашта се нафар шаҳрвандони мо зарар диданд. Онҳо бе аслиҳа барои ҳимояи сарҳад баромаданд, бинобар ин давлат онҳоро ҳам моддӣ ва ҳам маънаван дастгирӣ намояд.
Инчунин номбурда ба оилаҳои дар натиҷаи бархӯрд зарардида пешниҳоди кумак намудан дар ҳаҷми 300 ҳазор сом (баробар ба 42 ҳазор сомонӣ) карда, таклиф додааст,а ба Оқсой дараҷаи “объекти стратегӣ” дода шавад.
Дар баробари ин Каромат Озорова дар Жогор Кенеш оид ба мулоқоташ бо сокинони Оқсой, пурзӯр намудани хадамоти сарҳадбонӣ дар ин минтақа ва тезонидани бақайдгирии амволи ғайриманқули сокинони ин деҳа аз ҷониби ташкилоти дахлдори Қирғизистон гуфта гузаштааст. Дар ин бора сомонаи 24kgхабар медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки санаҳои 13-14 март дар марзи Исфараи Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон муноқиша ба вуқуъ пайваст, ки дар натиҷаи он ду нафар тоҷикистонӣ ҷони худро аз даст доданд ва чанд тани дигар захмиву амволи иддае оташ зада шуд.
Эзоҳ: Бо медали "Данк" (Шараф) он шаҳрвандони Қирғизистон сарфароз карда мешаванд, ки натиҷаҳои назаррас дар хизмати давлатӣ,истеҳсолӣ, илмию техникӣ, эҷодӣ, тарбия ва корҳои ҷамъиятию фаъолияти хайрхоҳӣ нишон додаанд.