Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Форуми дувуми байналмилалӣ “Як камарбанд-як роҳ” ва намоишгоҳи ЕХРО-2019 ба шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой сафар кард.
Дар ин бораи сомонаи расмии www. president.tj хабар дода, меоварад, ки дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи андоз, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ёдовар бояд шуд, ки чанде пеш Эмоалӣ Раҳмон ба Русия низ сафари корӣ дошт ва Русияву Хитой аз маблағгузорони асосии соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон мебошанд.