Хабар

 

Рӯзи 6-уми апрели соли 2019, тахминан соатҳои 19:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Форланд», Мираҳмедов Бахтиёр Ёқубҷонович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Кушониён, ҳангоми ҳаракат ба самти ноҳияи Вахш дар ҳудуди шаҳри Бохтар ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Деу-Сиело”, таҳти идораи Мирзоев Сайназар Ҷурахонович, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Кушониён бархӯрдааст. 

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Деу-Сиело” Мирзоев С.Ҷ. дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дохили он фарзандони ноболиғаш: Мирзоев Саидҷон Сайназарович, соли таваллудаш 2006, хонандаи синфи 6-уми МТМУ, Мирзоева Моҳшариф Сайназаровна, соли таваллудаш 2007, хонандаи синфи 5-уми МТМУ, Мирзоев Саидҷафар Сайназарович, соли таваллудаш 2010, хонандаи синфи 2-юми МТМУ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.