Дар Екатеринбург ду шаҳрванди Тоҷикистон барои қочоқи маводи мухаддир маҳкум шуданд. Дар ин бора ҳукми додгоҳи ноҳияи Чкаловский содир шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти прокуратураи нақлиётии минтақаи Урал.
Додгоҳ маълум кард, ки онҳо қаблан беш аз 155 грамм ҳероин харида нигоҳ медоштанд. Амалҳои ҷиноии онҳоро полиси нақлиёт қатъ кард ва маводи мухаддир мусодира карда шуд.
Додгоҳ яке аз онҳоро ба 8 солу 10 моҳ ва дуввумиро 9 сол ба зиндон равон кард. Онҳо ҷазои худро дар колонияи низоми шадид сипарӣ хоҳанд кард.