Шаби гузашта ба Тоҷикистон воксинаи зидди коронавируси аврупоии AstraZeneca ба миқдори 192 ҳазор воя ворид карда шуд. Дар ин бора Наврӯз Ҷаъфаров - сардори Раёсати Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод. Ин нахустин мавриди ворид кардани воксинаи зидди коронавирус дар Тоҷикистон аст.
Воксина дар чаҳорчӯбаи механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба воксинаҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) бар зидди бемории COVID-19 ба Тоҷикистон расид. Ин воксинаи ширкати британиягии “AstraZeneca” аст, ки тибқи иҷозатнома он дар Ҳиндустон истеҳсол шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар умум бояд 732 ҳазор воксина ба Тоҷикистон ворид карда шавад.
Дар назар аст, ки дар аввал гурӯҳҳои осебпазир, ки ба онҳо шаҳрвандони аз 70 сола боло, кормандони соҳаи тандурустӣ, кормандони гумрук ва нерӯҳои марзбонӣ шомиланд, эмгузаронӣ мешаванд. Ва баъдан шахсони аз 60-сола боло, баъд аз он - синнашон аз 50 боло эм карда мешаванд. Боқимондаи 42,5% аҳолӣ бо дигар доруҳое, ки Тоҷикистон онро дастрас мекунад, эм хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки баъди паҳншавии Короновирус чандин ширкатҳои тиббӣ ба дарёфти воксинаи зидди ин вирус кӯшиш намуда буданду ҳоло маъмултарини онҳо “Спутник V” –и Россия ва "Пфайзеру Модерна"-и бритонист.
Инчунин, бояд қайд намуд, ки чанде пеш Украина низ "АстраЗенесса"-и истеҳсоли Ҳиндустонро дастрас намуд, ки президенти ин кишвар Владимир Зеленский бо ин ваксина эм шуда буд.