Овозхони тоҷиктабори рус Манижа Сангин Россияро дар озмуни "Евровидиние 2021", ки дар Роттердам баргузор мешавад, намояндагӣ мекунад. Манижа дар озмуне, ки дирӯз роҳандозӣ шуда буд, ғолиб баромад.
Вай суруди “Зани рус”-ро дарозмуни мазкур бо забони русӣ иҷро мекунад. Манижа дар мусоҳиба бо ТАСС шарҳ дод, ки суруди мазкураш ба вазъи занон дар Россия бахшида шуда, он 8 марти соли 2020 эҷод гардидааст.
“Ин суруд дар бораи зеботарин занон - занони Россия аст ва мо бисёрем. Занони Росия на танҳо зоҳиран зебоянд, ки ин албатта, воқеият аст, балки ботинан ҳам зебо мебошанд. Ин суруд дар бораи нерӯи дохилии онҳо аст, ки солҳои зиёд ба мо хос буданд. Аммо муҳимтар аз ҳама, мо - занон ба мисли худи Россия роҳи худро дорем, - гуфтааст Манижа.
Аммо ғолибияти Манижаро на ҳама пазируфтанд. Дар расонаҳои иҷтимоиву расмии Русия вокунишҳое пайдо шуданд, ки аз қисме аз онҳо бӯи миллатпарасти меояду қисми дигар афсонаро мемонад.
Вале, бояд қайд намоем, ки ба тарафдории Манижа низ садоҳои зиёде боло шуданд. Масалан, коргардони машҳур Иосиф Пригожин гуфтааст:
“-Манижа арзанда аст. Агар сухан дар бораи зани рус меравад, вай тоҷик аст. Ман миллатгаро нестам. Вай бо забони модари ман, форсӣ ҳарф мезанад. Агар сухан дар бораи Росия, дар бораи русӣ меравад, пас далели он ки як духтари зодаи Тоҷикистон фолклори русиро ин қадар ҷолиб хондааст, кофӣ аст”.