Сокинони Тоҷикистон ва Озарбойҷон, ки солҳои таваллудашон 1979-1995 мебошад, бо мақсади рабудани одамон ва аз онҳо пул ситонидан гуруҳи ҷиноӣ ташкил кардаанд.
Раванди тафтишот нишон додааст, ки аз тарафи ин гурӯҳ як соҳибкори Вологда соли 2019 рабуда шудааст. Мошини ҷабрдидаро ба Маскав бурдаанд ва кӯшиш кардаанд, ки 10 миллион рубл пул бигиранд. Пас аз он ки мард ба онҳо 1,9 миллион рубл додааст, ӯро раҳо кардаву мошинашро баргардониданд.
Ҳамзамон аз тарафи ин гурӯҳ кӯшиши рабудани ду соҳибкор - сокинони Вологда ва як сокини Перм сурат гирифтааст, аммо ҷабрдидаҳо ба онҳо муқовимат нишон додаанд.
Тафтишот маълум кардааст, ин гурӯҳ тақсимоти возеҳи нақшҳоро доштаст. Яке аз ширкаткунандагон дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ қарор дошта, тавассути алоқаи мобилӣ бо дигар аъзои гурӯҳ дар тамос шуда, фаъолияти ҷиноиро ҳамоҳанг мекардааст.
Муфаттишони минтақаи Вологда парвандаи ҷиноиро алайҳи се узви гурӯҳе, ки дар минтақа фаъолият мекунанд, ба анҷом расониданд. Ҳар кадоми онҳо ё барои дуздии мошинҳо, ё тамаъҷӯӣ, ё одамрабоӣ, инчунин барои ба даст овардани ғайриқонунии силоҳ ва муҷозот айбдор карда мешаванд. Панҷ узви дигари ин гурӯҳ бошад, ҳоло дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд.