Дар шаҳри Энгелси вилояти Саратов як зодаи 28 солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кӯшиши фурӯши маводи мухаддир маҳкум шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти додситонии вилояти мазкур хабар додааст.
Тибқи иттилои ин дафтари матуботӣ аз 6 то 10 июли соли 2020 ин зодаи Тоҷикистон дар Маскав як намуди маводи мухаддир - героинро бо вазни 91,74 грамм гирифта, онро барои фурӯши минбаъда ба Энгелс овардааст. Ҳангоми дар яке аз кӯчаи ин шаҳр кӯшиши фурӯхтан намудан аз ҷониби кормандони политсия дастгир шудааст. Дар натиҷа, суд ӯро дар колонияи ислоҳии низоми сахт ба муҳлати 7 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум кард.