Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов Консули нави генералии Тоҷикистон дар Новосибирск – Давлатхуҷа Ятимро ба губернатори вилояти Новосибирск Андрей Травников муаррифӣ кард. Ин мулоқот дар ҳукумати вилояти Новосибирск баргузор шуд.
Андрей Травников таъкид кард, ки равобити минтақа бо Осиёи Марказӣ, махсусан дар заминаи фаъолияти нақлиёт, логистика ва саноат муҳим аст. Дар навбати худ Имомуддин Сатторов қайд кард, ки Тоҷикистон ба сармоягузории ширкатҳои Россия манфиатдор аст. Вай инчунин ёдовар шуд, ки дар Новосибирск беш аз 600 донишҷӯй аз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд ва бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ҷой дар соҳаҳои гуногун меҳнат менамоянд.
Бояд гуфт, ки Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Новосибирск 19 июли соли 2016 таъсис ёфтааст.