-Сафорати Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи макони сохтани маркази миллӣ дар Новосибирск аст, - хабар медиҳад “ИНФО ПРО 54”.
- Дафъаи гузашта, дар ҷараёни мулоқоти худ мо масъалаи ҷудо кардани қитъаи заминро барои сохтани биное баррасӣ кардем, ки дар он як маркази миллии фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил намудан имконпазир бошад. Консулгарии генералии мо низ метавонист дар ҳамон бино ҷойгир шавад,- ёдовар шудааст Имомуддин Сатторов дар мулоқот бо мири шаҳри Новосибирск.
Тибқи гуфтаи роҳбари шаҳр Анатолий Локот, шаҳрдорӣ ин масъаларо соли 2018 аллакай баррасӣ кардааст. Дар ҷараёни ин кор 4 қитъа интихоб карда шуд, ки ба ду қитъа Консулгарии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ пайдо карда буд. Ин қитъаҳо дар кӯчаи Железнодорожная ва Владимировский Спуск ҷой гирифтаанд. Аммо, дар ниҳоят ҳеҷ қароре қабул карда нашудааст.