Дар Курск як зодаи 62 солаи Тоҷикистон ба қаллобӣ муттаҳам мешавад. Ба гуфтаи муффатишон ӯ дуздии мошини худро бо мақсади гирифтани пардохти суғурта ташкил кардааст.
Тибқи иттилои Суди минтақавии Курск Toyota Camry ба маблағи 2 миллион рубл суғурта шуда будааст. Пас аз "рабудан" айбдоршаванда ба политсия, сипас ба суғуртакунандагон барои ҷуброн муроҷиат намудааст.
"Ба ӯ муяссар нашуд, ки пулро гирад, зеро мақомоти тафтишоти пешакӣ далели ташкили дуздии пинҳонии мошинро муайян карданд", - гуфтаанд дар суд ва қайд карданд, ки нисбати шаҳрванд парвандаи ҷиноӣ низ боз шудааст.