Додгоҳи олии Бошқирдистон бар асоси шикояти нави Бишкек ҳабси шаҳрванди Тоҷикистон Фуркат Абдуфаттоевро ду моҳ тамдид кард.
Ин дафъа Раёсати корҳои дохилии Бодканд ба мақомоти тафтишотии Бошқирдистон бо ирсоли як мактуб гуфааст, ки Ф. Абдуфаттоев ҳамроҳ бо дигар сокинони деҳа дар моҳи июли соли 2019 роҳи байни Ворух ва Оқ-Сойро (дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон) бастааст.
Мақомоти Қирғизистон алайҳи Ф. Абдуфаттоев бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ - "ширкат дар бетартибиҳои оммавӣ" ва "авбошӣ" парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. 27 августи соли 2019 суди шаҳри Ботканди Қирғизистон дар бораи ҳабси шаҳрванди Тоҷикистон қарор бароварда буд.
Фурқат Абдуфаттоев сокини деҳаи Ворух Исфара аввали моҳи феврал бо дархости Қирғизистон дар ноҳияи Кугарчини Ҷумҳурии Бошқирдистон боздошт шуд. Ф. Абдуфаттоев гӯё дар ошӯбҳои ҳангоми муноқишаи марзӣ дар 13 марти соли 2019 рухдода ширкат кардааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон далелҳо оварда буд, ки дар ин давра Ф. Абдуфаттоев дар Россия будаасту наметавонист дар ин муноқишаҳои наздисарҳадӣ иштирок намояд.
Дар суҳбат бо “Радиои Муҳоҷир” Консули Генералии Тоҷикистон дар Россия Саид Эмом Давлат бори дигар қайд намуд, ки Фурқат Абдуфаттоев шаҳрванди Тоҷикистон асту зери ҳимояи давлат қарор дорад. Инчунин Консули Генералӣ ёдовар шуд, ки мувофиқи санадҳои байнидавлатӣ Федератсияи Россия наметавонад шаҳрванди Тоҷикистонро ба давлати сеюм истирдод намояд.
Ёдовар мешавем, ки як моҳ қабл зодаи дигари Ворух Диловар Ҷӯраев дар Русия бо дархости Бишкек боздошт шуда буд. Тибқи баъзе гузоришҳо, мақомоти Қирғизистон 23 сокини Ворухро дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додаанд.