Аз сафари ҳайратангези 6 шаҳрванди Ӯзбекистону 2 шаҳрванди Қирғизистон ба Россия, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон Валентина Чупик дар Фейсбук қисса кард.
Чанде пеш, ин нафарон марзи Белоруссияву Россияро ғайриқонунӣ убур мекунанд. Аммо ба фарқ аз дигар муҳоҷирон сафари худро дар ЮТУБ мустақиман пахш мекунанд. Дар ҷараёни пахши мустақим онҳо гуфтаанд, ки дар убури марз мушкилие несту дигарон низ метавонанд ба онҳо пайравӣ намоянд.
Вале дертар маълум мешавад, ки пахши мустақимро кормандони Хадамоти Амнияти Россия низ тамошо доранд.
- Ва ин пахши мустақим ба онҳо ончунон писанд омад, ки ба "ситораҳои YouTube" даст нарасонданд, балки интизор шуданд, ки онҳо марзи Россияро убур намоянд. Дертар ин гурӯҳ ва ду гурӯҳи дигар, ки ба ин ЮТУБчиён пайравӣ намуданд, боздошт шуданд, - навиштааст Чупик.
Ин нафарон, навори худро аз ЮТУБ пок кардаанд, вале порчаи хурде боқӣ мондааст, ки ҳамчун маводи парвандаи ҷиноятӣ истифода мешавад.