Як муҳоҷири 26 сола, ки дар куштори як оилаи иборат аз 4 нафар гумонбар дониста мешавад, барои пурсиш ба Раёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотии Федератсияи Россия дар вилояти Нижний Новгород оварда шудааст.
Тибқи иттилоот дар яке аз хонаҳои деҳаи Кудмаи Нижний Новгород рӯзи 28 феврал ҷасадҳои як кӯдаки панҷсола, модар, бибӣ ва бобои ӯ пайдо карда шуд. Гумонбар қаблан аз ҷониби кормандони БДА дар вилояти Владимир боздошт шудааст.
Аз гумонбар ҳамчун Шарофиддин Амиров ном мегиранд. Аз рӯи баъзе маълумотҳо Амиров дар хонаи фавтидагон кор мекардаасту напардохтани музди меҳнаташ сабаби сар задани ин фоҷиа гардидааст.
Қайд карда мешавад, ки пас аз муноқишаи навбатӣ Амиров ин пиронсолро бо корд куштааст. Сипас ӯ Елена Малаховаи 42-соларо бо корд захмӣ кард ва сипас писари панҷсолаи ӯро буғӣ кардааст.
Хамчунин, РИА Новости хабар медиҳад, ки вобаста баз ин қазия ду нафари дигар дастгир шудаанд.
Чанде қабл пулис аз боздошти ду гумонбари дигар хабар дода буд. Ду гумонбари дигар дар қатли як оила дар вилояти Нижний Новгород боздошт шуданд. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.
Дар маҷмӯъ дар ҳоли ҳозир чаҳор боздоштшуда барои даст доштан дар ин ҷиноят санҷида мешаванд.