Ҷузъиёти қатли се тоҷик, ки 20 сол қабл рух дода буд, маълум шуд. Дар содир кардани ин ҷиноят посбони яке аз дайр-монастирҳои минтақаи Урали Миёна Сергиус Силиан муттаҳам мешавад.
Тавре маълум шуд, Сергиус ҷинояткори фирорӣ Андрей Владимирович Храмов соли таваллудаш 1974 будааст.
Аксҳои ҳайратангез ва ҷузъиёти кушторро телеграмм канали "ОПЕР СИЛА" нашр кард.
«Соли 1999 Силуан-Осипов-Кузнецов-Храмов, ки он вақтҳо ба роҳзанӣ машғул буд, ҳамроҳ бо ду шариконаш қарор кард, ки се савдогари тоҷикро дар Екатеринбург ғорат кунанд.
Роҳиби оянда бо таппонча мусаллаҳ ва худро кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноӣ муаррифӣ карда, ба манзили ҷабрдидагон ворид шуда, таҳдиди куштор мекунад. Тоҷикон аз тарсончакҳо набуданд ва кӯшиш карданд, ки муқовимат нишон диҳанд, аммо ғоратгарон дар посух оташ кушоданд. Қурбониёни маҷрӯҳро баста хонаро кофтуков намуданд ",- менависад “ОПЕР СИЛА”. Пас аз ёфтани 4 ҳазор рубл Кузнецов ҳар сеи онҳоро аз сарашон паррондааст.
Ҳоло аз руи тафтишоти ин ҷиноят дар дайрҳо кофтуковҳо идома доранд.