Бо иқдоми ҷамъияти тоҷикони Удмуртия –“Ориён -Таҷ”, дирӯз дар шаҳри Ижевск мусобиқаи футзал баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 35 тимҳои донишҷӯён иштирок намуданд. Дар сабқатҳо донишҷӯён аз давлатҳои гуногун иштирок намуда, ғолибонро муайян намуданд.
Чуноне, ки роҳбари ҷамъияти тоҷикони ин минтақа Мирзо Умаров ба “Радиои Муҳоҷир” хабар дод, чорабинӣ барои посдории хотираи президенти қаблии Удмуртия –Александр Волков бахшида шудааст.
Дар ин сабқатҳо ду тими тоҷикон: тими доишҷуёни тоҷик ва дастаи “Ориён -Таҷ” иштирок намуданд. Тими донишҷуён дар яке аз давраҳои ниҳоии мусобиқот шикаст хурд, аммо “Ориён –Таҷ” бомуваффақият баромад намуда ҷои дувумро ишғол намуд.
Инчунин, Мирзо Умаров қайд намуд, ки президенти собиқи Удмуртия Александ Волков (соли 2107 вафот намудааст) ба тоҷикону Тоҷикистон эҳтироми хосса дошт. Ва инак, таи чанд соли охир, ҷамъияти тоҷикон, бо гузаронидани чорабиниҳои гуногун хотираи ӯро пос медоранд.