“Додситонӣ тафтиши далели сӯхтор дар шаби чоршанбе дар яке аз анборҳои шаҳри Тольяттиро идома медиҳад, ки дар натиҷаи он як кӯдак ба ҳалокат расидааст”,- хабар медиҳад Хадамоти матбуоти Додситонии Самара.
"Дар анборе, воқеъ дар тангкӯчаи Тупиков, сӯхтор сар зад, ки дар он ҷасади кӯдаки соли таваллудаш 2019 пайдо шуд. Сабабҳои сӯхтор муайян карда мешаванд", - омадааст дар хабар.
Аллакай муайян шудааст, ки дар ин бино шаҳрвандони хориҷӣ будубош ва фаъолият доштаанд. Мақомоти салоҳиятдор ҷалби муҳоҷирон ба ин корро тафтиш карда истодаанд.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Раёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотии Федератсияи Россия дар вилояти Самара волидони кӯдак бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона тиббӣ бистарӣ карда шуданд.
Тибқи маълумоти пешакӣ сӯхтор дар натиҷаи вайрон кардани қоидаҳои истифодаи асбобҳои гармидиҳӣ рух додааст.
Санҷиши пешакии тафтишот оид ба марги кӯдак низ оғоз ёфт.